Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Молдова мунҳал шуд


Кафили раёсатҷумҳурии Молдова Миҳай Ғимпу имрӯз парлумонро мунҳал ва интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумониро ба рӯзи 28 ноябр таъйин кард. Ғимпу, ки аз сентябри соли гузашта кафили раҳбарии Молдова аст, қабл аз имзои ин қарор гуфт, ки танҳо бар Қонуни асосӣ ва қонунгузорӣ такя кардааст.
Дар ин интихобот эътилофи ҳокими иборат аз 4 ҳизби Миҳай Ғимпу бо ҳизби коммунист, ки соли гузашта дар пайи эътирозҳои мардум қудратро аз даст дод, вориди рақобат хоҳад шуд. Молдова аз фақиртарин кишварҳои қораи Аврупост.
XS
SM
MD
LG