Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Покистон аз ҳамлаҳои ҳавоии НАТО


Покистон ду ҳамлаи ҳавоии НАТО болои қаламравашро нақзи истиқлолияти худ номида, танқид кард. Ҳамлаи рӯзи шанбеи чархболҳои НАТО аз шарқи Афғонистон ба сарзаминҳои қабиланишини Вазиристони шимолӣ, ки бино ба хабарҳо, мунҷар ба ҳалокати беш аз 50 ҷангӣ шуд, дар посух ба ҳамлаи чирикиҳо ба як посгоҳи марзӣ анҷом шудааст. Вазорати хориҷаи Покистон аммо гуфт, маъмурияти нирӯҳои хориҷӣ дар марзҳои Афғонистон поён меёбад ва то замони иттихози тасмимоти дуруст Исломобод “роҳҳои посухро баррасӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG