Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Файзобод боз як маҳбуси фирорӣ кушта шуд


Мақомоти Тоҷикистон дар ҷараёни амалиёти таъқиботӣ дар рустои Чинорҳои ноҳияи Файзобод боз як тани дигар аз маҳбусони фирориро ба ҳалокат расондаанд. Манобеъи хабаргузории “Авасто” гуфтаанд, ки нафари кушташуда зодаи Доғистон Ҳусейн Сулаймонов буда, дан натиҷаи муқовимати ӯ 2 корманди кумитаи амният ва як ходими вазорати умури дохила ҷароҳат бардоштаанд.
Таъқиби се тани дигар аз ҳамроҳони Сулаймонов дар ин мавзеъ идома доштааст.
Рӯзи 26 сентябр дар наздикии Чинорҳо Раҳмиддин Азизов, яке дигар аз 25 маҳбуси шаби 23 август аз боздоштгоҳи кумитаи амният фироркарда низ кушта шуд. Феълан аз ҷамъи ин фирориён 7 нафар дастгир ва 2 тан кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG