Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як маҳбус кушта ва се корманди интизомӣ захмӣ шуд


Ҳусейн Сулейманов, яке аз маҳбусони фирорӣ
Ҳусейн Сулейманов, яке аз маҳбусони фирорӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи амалиёти ҷустуҷӯи гурӯҳи маҳбусони фирорӣ дар ноҳияи Файзобод яке аз фирориён бо нерӯҳои давлатӣ муқовимат нишон дода, кушта шудааст. Шахсияти ин маҳбус ошкор шудааст ва ӯ шаҳрванди Русия Ҳусейн Сулейманов гуфта мешавад.

Тоҳир Норматов, раиси ситоди вижаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин маҳбус ба нерӯҳои давлатӣ муқовимати шадид нишон дода, се нафар аз кормандони Кумитаи амният ва Вазорати корҳои дохилиро захмӣ кардааст.

Кормандони захмӣ ба бемористони марказии ноҳияи Файзобод интиқол дода шудаанд ва феълан таҳти назорати пизишкон қарор доранд.

Мақомот гуфтаанд, ки шумори фирориён дар ин даргирӣ якчанд нафар будааст ва ҳоло афроди боқимонда дар маҳалли ҳодиса - деҳаи Чинорои Файзобод ҷустуҷӯ мешаванд.

Ду рӯз қабл дар ҳамин деҳа як маҳбуси дигар Раҳмиддин Азизов дар натиҷаи амалижти вижаи неруҳои амниятӣ кушта шуда буд.

Идомаи ҷустуҷӯи 16 нафари дигар


Ҳамин тавр то кунун ду нафар аз маҳбусони фирорӣ аз боздоштгоҳ кушта ва 7 каси дигар дубора боздошт шудаанд. Аммо 16 нафари дигар аз ин фирориён ҳамчунон мавриди таъқиб қарор доранд ва боздошт нашудаанд.

Рӯзи 2 сентябр ниҳодҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Иброҳим Насриддинов, яке аз се муттаҳамони ташкили фирор аз боздошгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро дар ноҳияи Файзобод боздошт карда ва баъдтар Абдурасул Мирзоев, бародари фармондеҳи собиқи Горди милии Тоҷикистон Ғаффор Мирзоевро дастгир кардаанд.

Ба ин тартиб, то ҳол ду нафар аз ташкилкунандагони фирор - Иброҳим Насриддинов ва Магомед Аҳмадов, ки низ шаҳрванди Русия мебошад, дубора боздошт шудаанд.

Тағйироти кадрӣ дар пайи фирори маҳбусон

Як ҳафта пас аз фирор Раёсати умури ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон камбудиҳои ҷиддии вазъу шароит ва низоми мавҷуда дар боздоштгоҳи тафтишоти пешакии Кумитаи давлатии амнияти миллиро сабаби асосии фирори 25 зиндонӣ аз ин маҳбас шуморид.

Сухангӯи Муасcисаи ислоҳии раками 1-и Вазорати адлияи Тоҷикистон, Парвин Ализода гуфта буд, воқеаи мармуз аст, ки сарварони боздоштгоҳи Кумтаи амният ахиран маҳбуси пешини Гуантанамо Иброҳим Насриддиновро бо сабабҳои номаълум аз маҳбаси Қӯрғонтеппа ба ин боздоштгоҳ интиқол ва барояш имтиёзҳо додаанд.

Рӯзи 2-юми сентябр, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон фармони барканории Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро ба имзо расонд. Ба ҷои ӯ Саймумин Ятимов таъин шуд, ки то кунун муовини раиси ин кумита будааст.
XS
SM
MD
LG