Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори қурбониёни ҳамлаи Камароб ба 26 нафар расид


Ахиран яке аз сарбозони дар ҳамлаи Камароб ҷароҳатбардошта дар бемористони Қараболои Душанбе вафот кардааст. Бо даргузашти Мусулмонқул Додокалонови 19-сола теъдоди сарбозони кушташуда бар асари шабехуни рӯзи 19 сентябр дар дараи Камароб, 185-километрии шарқи Душанбе, ба 26 нафар расид. Феълан боз 14 афсару аскари дигари захмӣ дар бемористонҳо таҳти табобат боқӣ мемонанд. Мақомот масъулияти ҳамлаи Камаробро ба фармондеҳони собиқи мухолифин Абдулло Раҳимов, Аловуддин Давлатов ва Мирзохӯҷа Аҳмадов бор мекунанд. Феълан дар ноҳияи Рашт амалиёти зидди гурӯҳҳои силоҳбадаст идома дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG