Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Медведев: "Бовариам ба Лужковро гум кардаам"


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев шаҳрдори Маскав Юрий Лужковро аз мақом барканор кард. Лужков аз соли 1992 ба ин сӯ шаҳрдории пойтахти Русияро дар даст дошт, вале дар ин авохир ба интиқоди шадиде аз сӯи Кремл дучор шуд. Медведев, ки бо як сафари серӯза дар Чин қарор дорад, имрӯз дар Шанхай шарҳи ин тасмимаш гуфт: “Ин на сабукдӯш кардан, балкӣ барканор кардан буда, барканорӣ ба маънои аз кор ҷавоб додан аст. Сабабаш аз худи фармон бармеояд ва ин аст, ки ман ҳамчун раисиҷумҳури Русия бовариам ба Юрий Михайлович Лужковро гум кардаам."
Қонуни асосии Русия ба раисиҷумҳур ҳаққ медиҳад, бо чунин далел шаҳрдори Маскав ва волиёни вилоятҳоро барканор кунад. Медведев гуфт, муовини Лужков Владимир Ресинро кафили шаҳрдории Маскав таъйин кардааст. Дар чанд барномаи ахири телевизионҳои таҳти назорати давлати Русия Лужкови 74-соларо ба фасоду ошнобозӣ айбдор карданд.
XS
SM
MD
LG