Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зоиров: Қазияи Рашт роҳи ҳалли низомӣ надорад


Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон хунрезиҳои ахир дар водии Раштро маҳкум кард, вале бо роҳҳои низомӣ ҳалл шудани ин бӯҳронро ғайримумкин хонд. Ҳизби сотсиал-демократ хостори истифода аз шеваи дипломатияи мардумӣ ба хотири ҳалли бӯҳрони водии Рашт шуд. Оқои Зоиров нооромиҳои ахири водии Раштро кори дасти, ба истилоҳ, “қувваи севвум” номид ва гуфт, Мирзохӯҷа Аҳмадов ба сари худ наметавонист чунин ошӯбро роҳандозӣ кунад.
Вазъ дар шарқи Тоҷикистон аз рӯзи 19 сентябр, дар пайи ҳалокати 25 сарбози вазорати дифоъ дар натиҷаи як шабехун дар дараи Камароб бӯҳронӣ шуд. Феълан дар ин минтақа амалиёти густарда алайҳи гурӯҳҳои шӯришӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG