Пайвандҳои дастрасӣ

Митчелл ба хотири ҳифзи сулҳ ба Ховари Миёна бармегардад


Фиристодаи Амрико дар умури Ховари Миёна Ҷорҷ Митчелл ба манзури ҳифзи ҷараёни музокироти сулҳ роҳии ин минтақа шудааст. Ин музокирот дар пайи аз тамдиди мораторийи шаҳраксозиаш дар сарзаминҳои ишғолии каронаи ғарбии рӯди Урдун даст кашидани Исроил дучори мушкил шудааст.
Раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос таҳдид карда буд, ки дар чунин сурат аз музокироти мустақим бо Исроил хориҷ хоҳад шуд. Аммо феълан ӯ иттихози тасмимаш дар ин бораро то нишасти рӯзи 4 октябри кишварҳои арабӣ ба таъхир гузоштааст. Амрико, Фаронса, Бритониё ва СММ аз қарори Исроил изҳори таассуф карданд.
XS
SM
MD
LG