Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ким Чен Ир дигарбора раҳбари ҳизб таъйин шуд


Дар Кореяи шимолӣ ҷаласаи ҳизби ҳокими коргарӣ идома дорад. Бовар меравад, ин бузургтарин ҷаласаи ин ҳизб дар се даҳсолаи охир бошад. Қудратҳои минтақавӣ ба хотири мушоҳидаи ҳар навъ аломати тағйири сиёсати ин кишвари махуф ҷараёни ҷаласаро бо таваҷҷӯҳ пайгирӣ мекунанд.
Телевизиони Пхенян аммо гуфт, ки Ким Чен Ир дигарбора раҳбари ҳизби ҳоким таъйин шудааст: “Ҷаласаи ҳизби коргарӣ, ки дар ин давраи таърихии ҳамроҳ бо тағйироти ҷиддӣ ба хотири бунёди давлати қавии коммунистӣ ва инқилобӣ даъват шудааст, раҳбари бузурги ҳизбу мардуми мо Ким Чен Ирро дабири кулли Ҳизби коргарии Корея таъйин кард.”
Бо ин ҳол, Ким Чен Ири 68-сола, ки бино ба хабарҳо, вазъи сиҳҳаташ хуб нест, имрӯз ба писари ҷавони 26 ило 27-солааш унвони генералӣ дод. Ин нахустин унвони ӯ баъди пайдо шудани номаш дар матбуоти расмии Кореяи шимолист ва бархе эҳтимоли вориси курсии раҳбарии падараш интихоб шудани ӯро тахмин мезананд. Ким Чен Ир, ҳамин тавр, ба 6 тани дигар, бо унвони як хоҳари худ, низ унвонҳои генералӣ эъто кардааст.
XS
SM
MD
LG