Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юрий Лужков аз симати шаҳрдори Маскав барканор шуд


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев шаҳрдори Маскав Юрий Лужковро аз мақом сабукдӯш кардааст. Лужков аз соли 1992 ба ин сӯ шаҳрдории пойтахти Русияро дар даст дошт, вале дар ин авохир ба интиқоди шадиде аз сӯи Кремл дучор шуд.
Далели барканории Юрий Лужков аз даст додани эътимоди раисиҷумҳури Русия гуфта мешавад. Қонуни асосии Русия ба раисиҷумҳур ҳаққ медиҳад, ки бо чунин далел шаҳрдори Маскав ва волиёни вилоятҳоро барканор кунад. Кремл мегӯяд, ки Медведев Владимир Ресинро кафили шаҳрдории Маскав таъйин кардааст. Ресин аз соли 1992 муовини Лужков буд.
Владимир Ресин имрӯз дар оғози кори ҷаласаи шаҳрдории Маскав гуфт: “Имрӯз дар телевизион хабар доданд, ки фармони барканории шаҳрдори Маскав имзо шудааст. Ин фармон то ҳол ба дасти мо нарасидааст. Аз ин рӯ, Юрий Михайлович хоҳиш кард, ки ҷаласаи ҳукумати шаҳрро ман пеш барам.”
Дар чанд барномае, ки ахиран тавассути матбуоти таҳти назорати давлати Русия нашр шуд, Лужкови 74-соларо ба фасод ва таборгароӣ айбдор карданд.
XS
SM
MD
LG