Пайвандҳои дастрасӣ

Тавозуни шадидан манфии тиҷорати хориҷӣ


Тайи 8 моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми содироти Тоҷикистон тақрибан 722 миллион доллар, ва аммо воридоташ 1,5 миллиард долларро ташкил дод. Ба ин тартиб, тавозуни тиҷорати хориҷии кишвар шадидан манфӣ буда, ҳаҷми воридоташ назар ба содирот беш аз 2,2 маротиба бештар шудааст.
Қариб 47 дарсади содироти молҳои Тоҷикистон ба Чин ва 26 дарсадаш ба Туркия сурат гирифта, дар бахши воридот пешсаф Русия пешсаф аст. 32 дарсади воридоти мол ба Тоҷикистонро имсол Русия таъмин кардааст.
XS
SM
MD
LG