Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканд интиқоли газро 50 фоиз кам мекунад


Ширкати “Узтрансгаз” ширкати “Тоҷиктрансгаз”-ро хабардор кардааст, ки дар ғайри сурати пардохти қарзаш интиқоли газ ба Тоҷикистонро аз рӯзи 30 сентябр 50 дарсад коҳиш хоҳад дод. Қарзи “Тоҷиктрансгаз” аз Узбакистон феълан ба 1,8 миллион доллар расидааст. Мақомоти ин ширкат мегӯянд, дар ҳоли ҳозир дар рӯз аз Узбакистон ҳамагӣ 12 000 метри мукааб газ ворид мекунанд, ки 10 000 метри он барои танҳо ду корхона – ТАЛКО ва корхонаи сементи Душанбе - масраф мешавад.
Тоҷикистон аз аввали сол аз Узбакистон 122 миллион метри мукааб газ гирифтааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 30 дарсад камтар аст.
XS
SM
MD
LG