Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

27 дарсад афзудани ҳаҷми пули муҳоҷирон ба Суғд


Ҳаҷми таҳвили пули муҳоҷирон ба вилояти Суғд имсол 27,5 дарсад афзуда, ба 426,5 миллион доллар расидааст. Ин рақам назар ба 335 миллион доллари соли гузашта қариб 92 миллион доллар бештар аст. Баъд аз бӯҳрон батадриҷ фаъол шудани иқтисоди Русия, як бозори аслии кор барои муҳоҷирони тоҷик, як омили асосии афзоиши ҳаҷми пули таҳвилии ин тоифа ном бурда мешавад. Ҳамасола то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба хотири пайдо кардани рӯзии хонаводаҳояшон худро ба хориҷ ва умдатан ба бозори кори Русия мезананд.
XS
SM
MD
LG