Пайвандҳои дастрасӣ

Натоиҷи 4 рӯзи амалиёти "Муҳоҷир" дар Алма-Ато


Мақомоти Алма-Ато тайи 4 рӯзи амалиёти “Муҳоҷир” ҳудуди 1500 муҳоҷири ғайриқонуниро ошкор карда, 170 нафарро бо далели нақзи қонуни кору иқомат аз қаламрави Қазоқистон ихроҷ кардаанд. Гуфта мешавад, 90 дарсад аз ҷамъи бахши аъзами муҳоҷирони ғайриқонунии ошкоршуда аз Узбакистону Қирғизистон ва Тоҷикистонанд. Марат Кезембоев, раҳбари пулиси муҳоҷирати Алма-Ато гуфт, ҳамин тавр, дапр ҷараёни амалиёти “Муҳоҷир” 98 тан аз атбоъи кишварҳои шӯравии собиқ бидуни ягон аснод боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG