Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чархболҳои Cозмони Паймони Атлантики Шимолӣ дар шарқи Афғонистон, ҳамлаҳоеро дар дохили хоки Покистон анҷом додаанд. Мақомот гуфтаанд, ки дар ин ҳамалот аз кушта шудани беш аз 50 нафар мусаллаҳи мухолифи давлати Афғонистон гузориш шудааст.

Як сухангӯи НАТО гуфтааст ин ҳамалоти ҳавоӣ ба дунболи он дар хоки Покистон сурат гирифтааст, ки шӯришиён як постгоҳи қувваҳои афғонро дар наздики сарҳади Покистон мавриди ҳамла қарор доданд.

НАТО: Ҳамлаҳо бар асоси ҳаққи дифоъ аз худ сурат гирифтааст

Ба гуфтаи ин мақом, ин ҳамалот бар асоси ҳаққи дифоъ аз худ сурат гирифтааст.

Покистон дар иртибот ба ҳамалоти қувваҳои байналмиллалӣ аз Афғонистон ба хоки ин кишвар ҳассос буда аст.

Аммо хабаргузории Ассошиейтед Пресс менависад, ки мақомоти амрикоӣ гуфтаанд тавофуқ миёни ҳар ду тараф мавҷуд аст, ки ба ҷангандаҳои ҳавоии амрикоӣ иҷозаи убур ба хоки Покистонро барои таъқиби як ҳадафи муҳим ба фосилаи чанд километрӣ медиҳад.

Cухангӯи НАТО гуфтааст, ҳамлаи ҳавоии аввал замоне сурат гирифтааст, ки шӯришиёни мустақар дар Вазиристони Шимолӣ як постгоҳро дар ин сӯи марз дар вилояти Хусти Афғонистон мавриди ҳамла қарор доданд.

Вай гуфт чархболҳои нерӯҳои байналмиллалии кӯмак ба дохили хоки Покистон убур карда шӯришиёнро ҳадаф қарор доданд.

Ба гузориши Ассошиейтед Пресс, як сухангӯи ин нерӯҳо Майкл Ҷонсон гуфтааст, ки дар ин ҳамла 49 тан тундрав ва мусаллаҳ кушта шудааанд.

Қумандони амнияти Хуст Абдулкарим Исҳоқзай шумораи талафотро бештар аз ин хонда ва гуфтааст 60 тундрав ва мусаллаҳ кушта шудааст.

Вай гуфтааст, ки як постгоҳи пулис дар сарҳад мавриди ҳамла қарор гирифт ва дар идома мубодилаи оташ, тақозои кӯмак шуд ва чархболҳо ҳамалотеро анҷом доданд.

Вай гуфтааст, ки ин як амалиёти муассир будааст.

Покистон эътироз карданист

Сухангӯи НАТО гуфт ҳамлаи дуввум замоне сурат гирифт, ки чархболҳо ба минтақаи сарҳадӣ баргаштанд ва аз сӯи шӯришиён мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

Ба гуфтаи Майкл Ҷонсон, дар ҳамлаи дуввуми дастикам чаҳор тан аз тундравон кушта шудаанд.

Мақомҳои истихборотии Покистон гуфтаанд, ду чархболи НАТО ҳамлаи саввумиро низ дар дохили хоки Покистон анҷом додаанд, ки дар он панҷ тан аз тундравони мусаллаҳ кушта ва нӯҳ тани дигар захмӣ шудаанд.

Гуфта мешавад ин ҳамла дар минтақаи қаболии Хуррами Покистон сурат гирифтааст.

Бар асоси тозатарин гузоришҳо, вазорати хориҷаи Покистон гуфтааст он кишвар аз ҳамлаҳои ахири чархболҳои НАТО шадидан эътироз мекунад.
XS
SM
MD
LG