Пайвандҳои дастрасӣ

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии Кремл, шаҳрдори Маскав Юрий Лужков аз вазифааш барканор шуд. Раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев тайи як фармон шаҳрдори пойтахтро аз вазифааш барканор ва Владимир Ресинро муваққатан ҷойгузини ӯ таъин кардааст.

Раиси ҷумҳури Русия амри худро бо "аз даст додани эътимод" ба шаҳрдори тавҷеҳ кардааст.

Ба ин тартиб, дарозумртарин шаҳрдори Маскав Юрий Лужков се ҳафта баъди нашри матолиб дар матбуот, ки истеъфои ӯро ногузир мехонд, аз мақом барканор шуд.

Дафтари матбуотии Кремл иттилоъ дод, ки шаҳрдори мустаъфиро дар ин мақом Владимир Ресин, солмандтарин муовинҳои Лужков иваз мекунад. Ресини 74 сола ҳамеша дар ғиёби шаҳрдор ӯро иваз кардааст.

Бино ба шарҳи Наталия Тимакова, раиси дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Русия, ба Лужков пешниҳод шуд, ки мақоми худро довталабона тарк кунад.

Ахиран баъди бозгашт аз рухсатӣ Лужков гуфт, ки ҳеҷ нияти истеъфо додан надорад ва баръаск корро бо рӯҳи тоза шурӯъ карданист.

Ёдовар мешавем, ки президенти Русия Дмитрий Мдеведев ҳоло дар сафари Чин аст ва интизор мерафт, ки амри истеъфои Лужковро баъди бозгашт аз сафар имзо мекунад.

Наталя Тимаков, сухангӯи раиси ҷумҳур гуфтааст, ки президент барномаи мулоқот бо шаҳрдори барканоршударо надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG