Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шурӯъи бозрасии парвандаи миллатгароҳои рус


Имрӯз додгоҳи шаҳри Маскав бозрасии парвандаи чаҳор скинҳед ё сартарошидаи русро, ки дар куштор бар пояи адовати қавмӣ ва ташкили инфиҷорҳо муттаҳам мешаванд, шурӯъ мекунад. Ба иттилоъи мақомоти тафтишотӣ, Андрей Гордеев, Константин Кучер, Владислав Поляков ва Антон Василев чаҳор куштор, 11 сӯиқасд ва се яғмои молу амволро содир кардаанд. Аз дасти аъзои ин гурӯҳи фашистӣ шаҳрвандони Қазоқистон, Узбакистон, Камерун ва Виетнам кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG