Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омӯзиши марзбонҳои афғон дар Тоҷикистон


Бист марзбони афғон дар Тоҷикистон ба омӯзиши ошкор намудани асноди тақаллубӣ шурӯъ карданд, ки ба онҳо дар мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухадир кӯмак хоҳад кард. Дар дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Вена ба хабаргузории Франс-Пресс гуфтаанд, ки марзбонҳои афғон дар ҷараёни семинари дуҳафтаина дар Тоҷикистон масоили марбут ба ҷустуҷӯи муҷримон аз тариқи бойгонии Интерполро низ меомӯзанд.
Бо гузашти тақрибан 9 сол аз ҳузури нерӯҳои байнулмилалӣ вазъи Афғонистон ҳамоно ноором аст ва нерӯҳои хориҷиву афғон ба муқовимати афзояндаи “Толибон” рӯба рӯянд. Афғонистон ҳамчунин бузургтарин тавлидкунандагони ҳероин дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG