Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ким Чен Ир ба писарашу хоҳараш рутбаи генералӣ дод


Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ир ба писари хурдияш Ким Чен Ун ва хоҳараш Ким Ген Ҳуӣ рутбаи генералиро эҳто кард. Дар ин бора дар арафаи конфронси Ҳизби кор - ҳизби ягона ва ҳукмрони Кореяи Шимолӣ, ки имрӯз баргузор мегардад, иттилоъ дода шуд. Қарор аст, ки дар ин конфаронс тағйироти муҳими кадрӣ дар раҳбарияти кишвар сурат бигирад. Сӣ сол қабл дар ҳамин гуна конфаронс Ким Чен Ир вориси падараш эълон шуда буд ва аммо фақат баъд аз 14 сол, яъне баъд аз даргузашти ӯ, зимоми раҳбарӣ дар Кореяи Шимолиро ба даст гирифта буд.
Коршиносон ҳадс мезананд, ки имрӯз Ким Чен Ун шояд ҳам вориси мақоми падараш эълон шавад. Хабаргузориҳо менависанд, ки вазъи сиҳати Ким Чен Ир хуб нест ва ӯ пайваста барои табобат ба Чин сафар мекунад.
XS
SM
MD
LG