Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Уго Чавес дар интихобот пирӯз шуд


Дар Венесуэла Ҳизби ягонаи сотсиалистӣ, ки раёсати онро раисиҷумҳур Уго Чавес бар дӯш дорад, бештари курсиҳои парлумон ё Маҷмааи миллиро соҳиб шуд. Бар пояи натоиҷи расмии интихоботи парлумонӣ, ки рӯзи якшанбе баргузор шуд, ҷонибдорони раисиҷумҳур 95 курсии парлумони дорои 165 ҷойро ба даст оварданд. Ва аммо гуфта мешавад, ҳизби ҳукмрон ба дарёфти аз се ду ҳиссаи мандатҳо муваффақ нашуд ва акнун барои қабули қонунҳо бояд ба пуштибонии дигар нерӯҳои сиёсӣ умед бандад.
Аҳоби мухолифи Венесуэла, ки панҷ сол пеш интихоботро таҳрим карда буданд, 61 курсии парлумонро соҳиб шуданд. Ба иттилоъи расмӣ, дар ин маъракаи сиёсӣ 66 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй ширкат доштанд. Гуфта мешавад, ки интихоботи парлумонӣ - як навъ санҷиши маъруфияти Уго Чавес қабл аз интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2012 мебошад.
XS
SM
MD
LG