Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сейдю: "Истеъфои ман ба манфиати мардуму Ватан аст"


Фатмир Сейдю, раисиҷумҳури Косово, эълон кард, ки ба истеъфо меравад. Сарвари кишвар дар ин бора баъд аз он тасмим гирифт, ки Додгоҳи Қонуни асосӣ ӯро дар нақзи конститутсияи Косово айбдор кард. Аз нигоҳи Додгоҳи Қонуни асосӣ, Сейдю баъд аз интихоб шуданаш дар мақоми раисиҷумҳур бояд аз раёсати ҳизби “Лигаи демократии Косово” истеъфо медод. Гурӯҳи вакилони мухолиф дар парлумони Косово аз Додгоҳи Қонуни асосӣ хоста буданд, ки ба мавзӯъи дар мақоми раисиҷумҳур ва раҳбари ҳизб боқӣ мондани Сейдю расидагӣ кунад. Сарвари Косово дар як паём ба мардуми кишвар гуфт, ки "ман аз мақоми раиси ҷумҳурии Косово ба истеъфо меравам. Ин гуна ваколатҳо муваққатиянд. Ва аммо доимӣ фақат як чиз аст – манфиатҳои шаҳрвандони мо ва Ватани мо. Ман бовар дорам, ки ин иқдоми ман ба хотири манофеъи мардуми ва ватани азизи мост".
Раисиҷумҳури Косово дар порлумони ин кишвар интихоб мешавад ва як мақоми асосан ташрифотист. Фатмир Сейдю соли 2006 раисиҷумҳури Косово интихоб шуда буд.
XS
SM
MD
LG