Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз тасмими Исроил


Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, иқдоми Исроил барои аз сар гирифтани бунёди манозил дар Каронаи бохтарии рӯди Урдунро “таҳрикдиҳанда” унвон кард. Аҳмад Довудоғлу, вазири умри хориҷии Туркия гуфт, ин амал баёнгари хостори сулҳ будани Исроил нест. Аз тасмими Исроил сарони аксар кишварҳои аврупоӣ ҳам интиқод кардаанд. Ин дар ҳолест, ки Филип Кроулй, сухангӯи вазорати умури хориҷии ИМА, аз “хештандории” ҳукумати Фаластин ва раҳбари он Маҳмуд Аббос ситоиш намуд.
Мӯҳлати мораторий барои бунёди манозил дар қаламрави ишғолии Каронаи бохтарии рӯди Урдун, ки даҳ моҳ пеш аз сӯи Исроил эълон шуда буд, дирӯз поён ёфт. Маҳмуд Аббос, раҳбари Фаластин чандин бор эълом дошт, ки дар сурати аз сар гирифта шудани бунёди манзил дар қаламрави ишғолии Фаластин, музокирот бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳуро қатъ мекунад. Ӯ ахиран эълом дошт, ки дар бораи идомаи музокирот баъд аз як машварат дар Рамаллоҳ ва нишасти кишварҳои арабӣ дар Қоҳира дар авоил моҳи оянда тасмим хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG