Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сатҳи нокифояи донишҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии занони деҳот, рушди соҳибкории хурду миёна дар миёни занони минтақаи Осиёи Марказӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии занони фақир, аз мавзӯъҳои калидии як ҳамоиши байнулмилалӣ буд, ки бо ибтикору пуштибонии барномаи рушди СММ ва Бонки осиёии рушд дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш намояндагони созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятии кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон Узбакистон ва Тоҷикистон ширкат доштанд. Дар ин ҳамоиш натиҷаи бадастовардаи барномаи байналмилалии кумакҳои техникӣ ба занони деҳот, ки дар чанде аз ноҳияҳои дурдасти таҷрибавии ин се кишвари ҳамсоя амалӣ шуда буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Барномаи нави кумак ба занон

Коршиносони байналмилалӣ татбиқи ин барнома дар Тоҷикистон ва Узбакистону Қирғизистонро қаноъатбахш дониста қарор доданд, ки дар ояндаи наздик барномаи дигари бузургтаре бо сармояи боз ҳам бештари Бонки Осиёии рушд пиёда хоҳанд кард.

Дар доираи ин барнома додани қарзҳои имтиёзнок ба занони фақиру танҳо ва низ занони соҳибкоре, ки мехоҳанд тиҷорату соҳибкории худро боз ҳам рушд бахшанд, дар назар дошта шудааст.

Ин барномаи байналмилалӣ дар 4 ноҳияи дурдасти Тоҷикистон - Панҷакент, Масчоҳи кӯҳӣ, Нуробод,Тавилдара ва Ҷиргатол амалӣ карда шудааст.

Наргиз Юлдошева, раиси созмони ҷамъиятии «Сарчашмаи ҳаёт», мегӯяд, созмони онҳо ба татбиқи ин барнома дар саросари Тоҷикистон машғул аст ва то имрӯз корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст:

«Агар мо ба ин занҳо нафаҳмонем, худашон аз пеши худ намедонанд, ки барои бизнеси онҳо чӣ қадар пул лозим аст. Аз бонкҳо 7 ё 10 ҳазор доллар мегиранд ва ин пулро баргардонида наметавонанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки вақте мутахассисон нақшаи кории онҳоро меомӯзанд, маълум мешвад, ки барои соҳибкории онҳо танҳо 2 ё 3 ҳазор доллар лозим асту халос».

Бибизуҳро Умарова-муовини раиси кумитаи занони ноҳияи Мастчоҳи кӯҳӣ
Таҷрибаи занони ниёзманди Масчоҳи кӯҳӣ


Бибизуҳро Умарова, муовини кумитаи занони ноҳияи Масчоҳи кӯҳӣ ва ҳамзамон раиси созмони ҷамъиятии занони соҳибкори ин ноҳия, гуфт, дар оғоз мардони ноҳия алайҳи ин барнома таҷаммӯъ карда, занонро куллан манъ карданд, то аз чунин қарзҳо истифода кунанд.

Вале занони фақиру танҳо ва ниёзманди ноҳия алорағми чунин монеаҳо бахшҳои омӯзиширо гузашта, қарзҳои имтиёзнок гирифтанд ва ба кор шурӯъ карданд. Кори онҳо дар камтарин фурсат самари хуб дод ва ин муваффақият занони дигар хоҷагиҳоро низ ташвиқ кард.

Бибизуҳро Умарова мегӯяд: «Занҳо ба мардҳои норозӣ гуфтанд,ки шавҳаронамон дар Русия кор мекунанд ва ба мо кордор набошед. Мо аввал 15 занро пайдо кардем, ки бо ҳамин қарзи барномаи ПРООН ба соҳибкорӣ машғул шуданд. Ҳоло 4 гурӯҳ ташкил шудааст. Боз мехоҳем гурӯҳҳои дигар ташкил кунем. Ин занҳо мева ва алафҳои дорувор хушк карда, ба бозор мебароранд. Ҳоло ин занҳо либосу хӯроки фарзандошанонро пурра таъмин мекунанд ва хонаву дарашонро низ таъмир карда истодаанд».

Натоиҷи камранги барнома дар Тавилдара


Ва аммо чуноне аз сӯҳбат бо занони навоҳии дигари Тоҷикистон рушан гашт, ин барномаи байнулмилалии иқтисодӣ на дар ҳамаи ноҳияҳои дурдасти кишвар муваффақ шудааст.

Намояндагони ноҳияҳои Нурободу Тавилдара мегӯянд, масъулини ин барномаҳои кумак дар аксар маворид ба ҷалби теъдоди ками занони маркази ин навоҳӣ иктифо карда, занони деҳоти дурдастро сарфи назар мекунанд.

Сайрам Бухориева, намояндаи Кумитаи занони ноҳияи Нуробод, дар ин маврид чунин изҳори назар кард:

«Мо чандин ҷамоатҳои дигар дорем,ки дар кӯҳистони дур ҷойгиранд ва занони он деҳот бисёр зиндагии сахт доранд. Хуб мешуд, ки ин барномаҳои байналмилалӣ барои занҳои деҳоти дур низ роҳандозӣ шавад ва онҳо ба ин васила сатҳи зиндагиии худро беҳтар кунанд».

Аз 48 дарсади бахшҳои хусусие, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, танҳо 5 дарсадашро занон дар ихтиёр доранд. Ин дар ҳолест, ки 54 дарсади аҳолии Тоҷикистонро занҳо ташкил мекунанд ва дар шароити душвори иқтисодӣ, ки бекорӣ, афзоиши фақру ниёзмандӣ ва муҳоҷирати афзояндаи мардон ба хориҷи кишварро дар пай доштааст, бори таъмини хонавода ва тарбияи фарзандон аслан бар души занон афтодааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG