Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раисиҷумҳури Косово низ ба истеъфо рафт


Раисиҷумҳури Косово, Фатмир Сейдю имрӯз баъд аз хулосаи Додгоҳи қонуни асосӣ, ки ӯро дар нақзи конститутсияи Косово айбдор кард, аз мақоми хеш истеъфо дод. Раисиҷумҳури Косово дар порлумони ин кишвар интихоб мешавад ва як мақоми асосан ташрифотист. Сейдю аз соли 2006 раисиҷумҳури Косово буд, Додгоҳи қонуни асосӣ гуфт, ишғли ҳамзамони ду мансаб аз тарафи ӯ, ҳам президент ва ҳам раиси ҳизби сиёсӣ хилофи қонун будааст.
XS
SM
MD
LG