Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфо пас аз моҷаро дар дохили ҳукумати Руминия


Ҳукумати Руминия имрӯз пас аз истеъфои вазири умури дохилӣ дар пайи эътирозҳои густардаи зидди барномаи сарфаҷӯӣ ба ҳарҷу марҷ рӯбарӯ гардид. Дар ҳоле ки вазир Василе Блага дар баробари тазоҳуроти 6000 корманди полис ба истеъфо рафтааст, мақомоти аршади ҳукумат бо раисиҷумҳури кишвар ҷаласаи изтирорӣ барпо кардаанд. Блага гуфт: "Ман аризаи истеъфои худро аз мақоми вазири умури дохилӣ ва вазири кишвар ба сарвазир Эмил Боч супурдам. Ин як амри нангу номус буд. Полис ҳам монанди ҳамаи шаҳрвандон ҳаққи эътироз дорад, вале ба шакли қонунӣ." Моҷаро дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки кормандони полис бо эътироз аз коҳиши даромадҳои хеш дар баробари кохи раёсатҷумҳурӣ раҳпаймоӣ карданд, ба деворҳои онҳо тухм парофтанд ва шиор заданд, ки "дафъ шав, саги мурдор". Президент Басеску гуфт, тазоҳуркунандагон қонуншиканӣ карданд. Интизор меравад, ки намоишҳои нави эътиирозӣ баргузор шаванд.
XS
SM
MD
LG