Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури президент барои таҳқиқи сареи нооромиҳо


Дар робита ба нооромиҳои ахир дар кишвар, ба хусус вазъ дар минтақаи Рашт, зуҳри дирӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти Тоҷикистон бо ширкати раисиҷумҳур баргузор шуд. Эмомалӣ Раҳмон аз ниҳодҳои қудратӣ тақозо кардааст, ки ин ҳодисаҳоро ба таври сареъ таҳқиқ кунанд ва амнияти кишварро таъмин созанд.

Абдулфаттоҳ Шарипов, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҷаласа раҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои амниятӣ аз вазъи кишвар гузориш додаанд.



Дар ҷаласа ҳодисаҳои ахири кишвар, аз ҷумла фирори маҳбусон аз боздоштгоҳи Кумитаи амният, ҳамлаи террористӣ дар Хуҷанд ва ҳаводиси минтақаи Рашт мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Раисиҷумҳур аз додситонии кулл, вазорати корҳои дохилӣ, кумитаи амният ва дигар ниҳодҳои қудратӣ тақозо кардааст, ки барои ошкорсозии ин ҳодисаҳо ва ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи вазъ фаъолияти худро тақвият бубахшанд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ниҳодҳои қудратӣ таъкид кардааст, ки вазъи амниятӣ дар қаламрави кишварро бо зудтарин фурсат ба эътидол биёранд.

Аёдати сарбозони маҷрӯҳ

Субҳи имрӯз раисиҷумҳури Тоҷикистон сарбозони маҷрӯҳро аёдат кард. Ӯ зимни аёдати сарбозон ба мақомот дастур додааст, ки аз тамоми тадобири мумкин барои муолиҷаи ҳарчи зудтари сарбозони маҷрӯҳ ва кӯмак ба онҳо истифода кунанд. Оқои Раҳмон ҳамчунин аз мақомт хостори кӯмак ба хонаводаҳои ин сарбозон шудааст.

15 нафар аз сарбозони вазорати дифоъ, ки бар асари он ҳамла захм бардоштаанд, феълан дар бемористони артиш таҳти муолиҷа қарор доранд.

19 -уми сентябри соли соли равон дар дараи Камароби ноҳияи Рашт, як гурӯҳи мусаллаҳ ба корвони вазорти дифоъ ҳамла намуд, ки бар асари он 25 сарбозу афсар кушта ва 15 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Мақомот мегӯянд, Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) ва Аловуддин Давлатов (Алии Бедакӣ) фармондеҳони собиқи ИНОТ ҳамла ба корвони мошинҳои вазорати дифоъро раҳбарӣ кардаанд.

Баъди чанд рӯзи ин ҳамла амалиёте бар зидди Мирзохуҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони пешини мухолифин дар Рашт сурат гирифт, аммо худи ӯ тавонист аз маҳал фирор кунад.

Мақомот Мирзохуҷа Аҳмадовро низ дар ҳамла ба корвони вазорти дифоъ ва паноҳ додани аъзои гурӯҳи Мулло Абдулло ва худи ӯ масъул донистанд.

Дар ҳоли ҳозир ба гуфтаи мақомот амалиёти ҷустуҷӯи Мирзохуҷа Аҳмадов ва ҳамроҳони ӯ ва омилони ҳамла дар Камароб идома дорад.

Вале ба далели маҳдуд шудани робитаи телефонӣ бо Рашт имкони дарёфти иттилоъ аз ҷараёни амлиёти мазкур ва умуман вазъи минтақаи Рашт амалан ғайри мумкин шудааст.
XS
SM
MD
LG