Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як сарбози озар дар даргириҳои Қарабоғи Кӯҳӣ


Дар натиҷаи даргирӣ дар марзи Қарабоғи Кӯҳӣ як сарбози озарбойҷонӣ кушта шудааст. Вазорати дифои Озарбойҷон мегӯяд, ин сарбоз аз тири нерӯҳои минтақаи ҷудоиталаб ба ҳалокат расида, далели дигари афзоиши ташаннуҷ дар ин маҳал шудааст. Аз аввали сол дар ин ҷо аз ҳарду тараф 18 сарбоз кушта шудаанд. Ҷудоихоҳони арманитарбор бо имдоди Арманистон назорати Қарабоғи Кӯҳиро дар оғози солҳои 1990 ба даст гирифтанд ва онро давлати мустақил эълон карданд. Дар ҷангҳо барои ин минтақа то ҳол тақрибан 30 000 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG