Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши босуръати нархи орд дар шаҳри Душанбе


Пажӯҳиши Вазорати рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон нишон додааст, ки нархи орди воридотӣ дар шаҳри Душанбе дар як ҳафтаи охир 6,2 дарсад боло рафтааст. Аммо ин афзоиш дар як соли охир 22,5 дарсадро ташкил додааст. Намояндаи вазорат ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, сабаби асосии чунин афзоиш ба болоравии нархи гандум дар ҷаҳон бастагӣ дорад, аммо судҷӯии беш аз ҳадди соҳибкорон низ дар он нақш дорад. Ин манбаъ камбуди ҳосили ғалла дар кишварро низ омили дигари афзоиши нархи орд шумурдааст.
XS
SM
MD
LG