Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ҲДТ хостори таҳқиқи байнулмилалии рӯйдодҳои Рашт шуд


Ҳизби демократи Тоҷикистон хостори таҳқиқи мустақил ва байнулмилалии рӯйдодҳои шарқи Тоҷикистон шудааст. Дар баёнияи он омадааст, ин “даргирӣ ва ноамниҳо" гумону шубҳаҳоеро дар ҷомеа ба миён оварданд. Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, мегӯяд, чунин таҳқиқ ба ҳукумат низ имкон хоҳад дод, дурустии мавқеи худро ба тасбит расонад ва суитафоҳумҳоро баҳам занад, аммо таҷриба нишон додааст, ки мақомоти давлат хостори ҳамкорӣ бо аҳзоби сиёсӣ нестанд: "Бохти ҳукумати Тоҷикистон ин аст, ки бо ҳизбҳои сиёсие, ки дар мавриди иштибоҳҳояш эрод мегирад, ҳамкорӣ намекунад. Гӯиё, ки ин ҳизбҳо бегонаанд." Ҳизби демократ хостааст, ки комиссияи мустақил бояд аз ҳисоби намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ, ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, CММ, САҲА, ИДМ ва СҲШ ташкил ёбад.
XS
SM
MD
LG