Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ҷиммӣ Тоҷик" яке аз рамзҳои шӯҳрати фарҳанги Ҳинд унвон шуд


Вазорати умури хориҷии Ҳиндустон шаҳрванди Тоҷикистон Боймурод Аллабердиевро, ки ҳамчун "Ҷиммӣ" машҳур шудааст, яке аз беҳтари мубаллиғони фарҳанги ҳинд ва рамзи шӯҳрати ин фарҳанг дар ҷаҳон номидааст. Намояндаи шӯъбаи дипломатияи ҷамъиятии ин вазорат ба хабарнигори РИА Новости гуфтааст, ҳунарнамоии Боймурод Ҷиммӣ дар сомонаи интернетии ин бахш мунташир хоҳад шуд. Муҳоҷири тоҷик ва ҳаммоли бозори шаҳраки Коломнаи Маскав, Боймурод Аллабердиев баъд аз он ки ҳамдиёронаш хонданҳои ӯро аз филмҳои машҳури ҳиндӣ дар торнамои "Ютюб" пахш карданд, машҳур гашт ва ба консерту маҳфилҳо даъват гирифт. Яке аз таронаҳои ӯ дар соли гузашта барандаи ҷоизаи аввали ҷашнвораи "Ротор" гашт ва гурӯҳи бритониёии Эйжан Даб Фаундейшн ӯро ба барномаи консертии худ дар Маскаву Петербург ҳамроҳ кард. Бо вуҷуди ситоиш аз Ҷиммӣ Вазорати умури хориҷии Ҳиндустон гуфтааст, ҳадафи даъвати ӯ ба Ҳиндро надорад.
XS
SM
MD
LG