Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Қонуни асоси Қирғизистон ба маҳкама кашида мешавад


Додситонии кулли Қирғизистон Додгоҳи Қонуни асосиро ба додгоҳ кашидааст. Ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳоди қудратии қирғиз, додгоҳи Қонуни асосӣ аз ваколатҳои худ дар мавриди судури ҳукм ва қарорҳо сӯистифода кардааст

Ин манбаъ меафзояд, ки қарорҳои додгоҳи Қонуни асосӣ оқибатҳои ногувореро дар пай доштанд.

Додгоҳи қонуни асосӣ ормонҳои мардумро бароварда накард

Гуфта мешавад, додгоҳи Қонуни асосии Қирғизистон соли 1993 ба манзури ҳимояти Қонуни асосии ин кишвар таъсис ёфтааст, вале дар муддати фаъолияти ҳафтдаҳсола аз ӯҳдаи иҷрои ваколатҳояш баромада натавонист ва орзуву ормонҳои мардумро низ бароварда насохт.

Бино ба гуфтаи додситонии кули Қирғизистон, ба Қонуни асосии ин кишвар солҳои 1996, 1998, 2003 ва 2007 тағйироту иловаҳо ворид гардиданд, ки фақат таҳкими ваколатҳои президентро мадди назар доштанд.

Таъкид шудааст, ки додгоҳи Қонуни асосӣ соли 1998 ба президенти собиқ Аскар Оқоев имкон фароҳам овард, ки хилофи қонун барои мӯҳлати сеюм ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ даъвогарӣ кунад.

Дафтари матбуоти додситонии кулл мегӯяд, баъди инқилоби лолаии моҳи марти соли 2005 ба додгоҳи Қонуни асосӣ умеди калон баста буданд, вале дар як муддати кӯтоҳ он нишон дод, ки ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Қурмонбек Боқиев тобеъ аст ва аз қонунгузориҳои мавҷуда низ сарфи назар мекунад.

Гуфта мешавад, дар баргузории ҳамапурсии 21 октябри соли 2007 роҷеъ ба қабули тарҳи нави Қонуни асосӣ, ғайниқонунӣ пароканда кардани парлумон як рӯзи баъди ин референдум, таъйини интихоботи нави парлумонӣ, ки бо қонуншиканиҳои зиёд сурат гирифт ва бунёди идораи хонаводагии давлат, додгоҳи Қонуни асосӣ мусоидат кардааст.

Учқун Каримов, сардори раёсати додситонии кулли қирғиз, ба радиои Озодӣ гуфт, ки манзури онҳо ба додгоҳ кашидани ашхоси алоҳида нест, ки дар додгоҳи Қонуни асосӣ фаолият кардаанд.

Қарорҳои додгоҳи Қонуни асосӣ таҳқиқ мешавад

Ба гуфтаи Учқун Каримов, пеш аз ҳама қарорҳои содиркардаи додгоҳи Қонуни асосӣ ба риштаи таҳқиқ кашида мешавад. Вай афзуд, дар пайи он дақиқ карда хоҳад шуд, ки зимни судури ин қарорҳо киҳо ширкат кардаанд.

Аммо Марат Қаипов, собиқ вазири алияи Қирғизистон, мегӯяд, дар бораи ба додгоҳ кашидани вакилони додрасонӣ кишвараш хартияи байналмилалиро имзо кардааст ва ба он риоя хоҳад кард.

Ба гуфтаи Марат Қаипов агар ҳар як вакили додрасонӣ барои судури ҳукм ва қарорҳои додгоҳ муҷозот шавад ва ё аз мақом барканор гардад, дар он сурат аксарияти курсиҳои идораҳои додрасонӣ холӣ хоҳанд монд.

Собиқ вазири адлияи қирғиз гуфт, Чулпон Баекова ба ҳайси раиси додгоҳи Қонуни асосӣ ба Аскар Оқоев имкон додааст, ки барои мӯҳлати саввум даъвои курсии президентӣ кунад ва Баекова барои ин амали худ бояд дар назди қонун ҷавоб диҳад.

Ба гуфтаи Марат Қаипов, судури ин гуна қарорҳо манфиатҳои Қирғизистонро зери хатар қарор хоҳанд дод.

Додгоҳи Қонуни асосӣ дар хизмати мансабдорон будааст

Мукар Чулпонбоев, яке аз ҳуқуқшиносони шинохтаи қирғиз мегӯяд, ба додгоҳ кашидани афроде, ки аз ваколат ва вазифаашон сӯистифода кардаанд, дар ҳар соату замон ҳаргиз дерӣ надорад.

Ба гуфтаи Мукар Чулпонбоев агар дар Қирғизистон ҳақиқатро пойдор карданӣ бошанд, афроди муртакиб ба ҷиноят ҳатман ба ҷазо бояд маҳкум шаванд.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, додгоҳи Қонуни асосӣ дар замони салтанати Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев ба президентҳо хизмат кард.

Ба гуфтаи Мукар Чулпонбоев ҳама гумон доштанд, ки баъди инқилоби лолаии моҳи марти соли 2005, додгоҳи Қонуни асосӣ барои ҳимояи манфиатҳои мардум хизмат хоҳад кард, вале ин додгоҳ хизмат ба президент Боқиевро афзал шумурд.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯзи пеш додситонии кулли Қирғизистон дар муқобили натиҷаҳои ғайриқонунии референдум ва интихоботи президентии соли 2007 парвандаҳои ҷиноӣ боз кард ва таҳқиқи онро бар дӯши вазорати дохила гузошт.
XS
SM
MD
LG