Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваҷҷӯҳи исроилиҳо ба идомаи шаҳраксозӣ


Муҳоҷирони яҳудӣ мегӯянд, бо итмоми таҳрими нисбии шаҳраксозӣ дар Каронаи Бохтарии рӯди Урдун ба сохтмони манзилҳои нав дар қаламравҳои ишғолӣ шурӯъ хоҳанд кард. Мӯҳлати ин таҳрим шаби гузашта ба поён расид. Аммо, Одед Ревивӣ, шаҳрдори Эфрот, гуфт, бонкҳо ва бинокорон аз сармоягузорӣ ба ин тарҳҳо худдорӣ мекунанд, зеро аз қатъи онҳо ҳарос доранд. Ҳамагӣ дақиқаҳое пас аз хатми таҳрим сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу аз президенти фаластиниҳо Маҳмуд Аббос даъват кард, ба гуфтушуниди санҷида ва ростин барои расидан ба созиши сулҳ дар як соли оянда идома диҳад. Аммо ӯ даъватҳои батакрори раисиҷумҳури Амрико, Барак Обамаро ба тамдиди таҳрим ношунида гирифт.
XS
SM
MD
LG