Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии даври 25-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон бар тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд, дар ҷадвали мусобиқот боз ба ҷои аввал баромад.

Ин бозӣ 26-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Фарҳод Тоҳиров, бозигари «Истиқлол», дар нимаи аввали дидор ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Обидҷон Исмоилов, бозигари «Хайр», дар нимаи дуввум зад. Ҷаҳонгир Ҷалилов, бозигари «Истиқлол», дар дақиқаҳои охири бозӣ голи ҳалкунандаро ба самар расонд.

Бозии дигари даври гузашта байни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 1-1 ба анҷом расид. Воқеъан, дар ин бозӣ голи дастаи меҳмон – ССКА «Помир»-ро яке аз нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Давронҷон Тухтасунов ба ҳадаф расонд. Вай бо 14 гол пас аз Юсуф Рабиев, капитани «Истиқлол», ки 18 гол задааст, дар ҷои дуввум қарор дорад.

Бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дигари даври 25-ум миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода – «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ба рӯзи 7-уми октябр ва бозии «Вахш»-и Қӯрғонтеппа– «Энергетик»-и Душанбе ба мӯҳлати дертар мононда шуд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот «Истиқлол» бо 53 имтиёз дар ҷои аввал ва «Регар-ТадАЗ» бо 52 имтиёз дар ҷои дуввум қарор доранд. Вале «Истиқлол» як бозӣ камтар анҷом додааст. «Хайр» бо 37 имтиёз дар ҷои севум мебошад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот :

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Истиқлол» (Душанбе)

21

16

5

0

45-11

53

2.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

22

16

4

2

62-13

52

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

22

11

4

7

40-26

37

4.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

20

9

6

5

24-19

33

5.

ССКА«Помир» (Душанбе)

23

7

9

7

24-32

30

6.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

22

7

5

10

31-39

26

7.

«Энергетик» (Душанбе)

21

5

3

13

24-38

18

8.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

21

4

3

14

22-43

15

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

22

1

3

18

16-66

6


Нишонзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 18 гол, Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир»/«Регар-ТадАЗ») – 14, Жаилтон Оливейра («Регар-ТадАЗ») – 11, Нӯъмонҷон Ҳакимов («Регар-ТадАЗ/»Вахш») – 10, Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 9, Низом Раҳимов («Хайр») – 8.

Даври 26-ум

30 сентябр (панҷшанбе)
«Хуҷанд» - «Регар-ТадАЗ»

1 октябр (ҷумъа)
«Парвоз» - «Вахш»
«Истиқлол» - «Равшан»
«Энергетик» - «Хайр»

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG