Пайвандҳои дастрасӣ

Натоиҷи бозиҳои шатранҷбозони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ


Дар Олимпиадаи 39-уми ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Ханти-Мансийски Русия ҷараён дорад, дастаҳои мардонаю занонаи Тоҷикистон ҳар кадом панҷ бозӣ анҷом доданд.

Дастаи мардонаи Тоҷикистон, ки дар 5 бозӣ 1 ғалаба ба даст оварда, 2 бозиро мусовӣ кард ва дар 2 бозӣ мағлуб гашт, байни 149 даста дар ҷои 87-ум қарор дорад.

Шатранҷбозони тоҷик (Фаррух Амонатов, Анвар Назаров, Ҷамшед Исоев, Соҳиб Ҷӯраев ва Рашид Ҳусейнов) бар дастаи Тринидад ва Тобаго бо ҳисоби 4:0 ғалаба карда, бозиро бо дастаҳои Тайланд ва Пуэрто-Рико бо ҳисоби 2:2 анҷом доданд ва аз дастаҳои Белгия ва Уругвай бо ҳисоби якхелаи 1,5:2,5 шикаст хӯрданд.

Дастаи занонаи Тоҷикистон бошад, баъди 5 бозӣ (2 ғалаба, 1 мусовӣ ва 2 бохт) байни 115 даста дар ҷои 53-юм қарор дорад. Бонувони шатранҷбози Тоҷикистон (Марворид Насриддинзода, Надежда ва Лидия Антоноваҳо, Асила Мӯҳтоҷзода ва Мутрибаи Илҳом) бар дастаҳои Яман бо ҳисоби 3:1 ва Пуэрто-Рико бо ҳисоби 3,5:0,5 пирӯз шуда, бозиро бо IBCA бо ҳисоби 2:2 анҷом доданд ва аз дастаҳои Озарбойҷон бо ҳисоби 0,5:3,5 ва Барбадос бо ҳисоби 1,0:2,5 мағлуб гаштанд.

Имрӯз, 27-уми сентябр, дар даври шашум дастаи мардонаи Тоҷикистон бо тими Эфиопия ва дастаи занонаи кишвар бо тими Замбия рақобат мекунанд.

Пас аз ҷамъбасти 5 даври мусобиқот дар сабқати мардон дастаҳои Гурҷистон, Маҷористон, Арманистон, Укроин ва Нидерланд ва дар сабқати занон дастаҳои Укроин, Русия-1, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Маҷористон ва Гурҷистон пешсафанд.

Олимпиадаи ҷаҳонӣ дар 11 давр то рӯзи 4-уми октябр идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG