Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи «Яданарбон»-и Мянмар, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими «Дордой»-и Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, барои бори аввал барандаи Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё гардид.

Тими мизбон - «Яданарбон», қаҳрамони Мянмар, дар бозии ниҳоӣ, ки 26-уми сентябр дар варзишгоҳи «Маркази тамринии ҷавонон»-и шаҳри Янгон бо ҳузури 30 ҳазор тамошобин баргузор шуд, бо дастаи «Дордой», қаҳрамони Қирғизистон, рақобат кард.

Замони асосии бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Ғолиб дар замони изофӣ муайян шуд. Голи дар нимаи севум, дар дақиқаи 98-ум задаи легионер Ласина Коне, аз Кот-д’Ивуар, тақдири бозиро ба фоидаи «Яданарбон» ҳал намуд. Дастаи ғолиб бо Ҷоми раиси AFC ва 50 ҳазор доллар мукофотонида шуд.

Дастаи «Дордой», ки дар финал мағлуб гашт, бо 25 ҳазор доллар сарфароз гардид. Воқеъан, «Дордой» ягона дастаест, ки дар ҳамаи 6 мусобиқаи Ҷоми раиси AFC ширкат карда, 6 бор ба финал баромадааст ва ду бор дар ин мусобиқа ғолиб шудааст.

Вале дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар бозии ниманиҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё, ки 24-уми сентябр дар «Маркази тамринии ҷавонон»-и пойтахти Мянмар – шаҳри Янгон баргузор шуд, аз тими мизбон - «Яданарбон» бо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрд.
Голҳоро Ян Паинг дар дақиқаи 44-ум ва Аунг Кяв Мое дар дақиқаи 77-ум ба самар расонданд.

Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи "Вахш", аз он изҳори нигаронӣ кард, ки футболбозони тоҷик аз имкониятҳои хуби голзанӣ истифода карда натавонистанд. Ду бор пас аз зарбаи капитани даста Рустам Хоҷаев (вақте ки ҳисоб 0:0 буд) ва Маҳмадалӣ Содиқов (дар дақиқаҳои охири нимаи дуввуми бозӣ) тӯб ба тири дарвоза бархӯрд.

Ҳамин тариқ, қаҳрамони футболи Тоҷикистон аз идомаи мубориза барои Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё ва мукофотпулӣ маҳрум гашт.

Инчунин МТТУ (Донишгоҳи байналмилалии Туркманистону Туркия) дар бозии ниманиҳоӣ аз дастаи «Дордой»-и Қирғизистон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Голҳоро Дэвид Тетте дар дақиқаи 70-ум ва Мирлан Мурзаев дар дақиқаи 71-ум ба самар расонданд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми раиси AFC:

2005 (Катманду, Непал). «Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон) – «Дордой-Динамо» (Қирғизистон) – 3:0.
2006 (Кучинг, Малайзия). «Дордой-Динамо» – «Вахш» (Тоҷикистон) – 2:1, дар замони изофӣ.
2007 (Лоҳур, Покистон). «Дордой-Динамо» – «Непал Полис Клаб» (Непал) – 2:1.
2008 (Бишкек, Қирғизистон). «Регар-ТадАЗ» – «Дордой-Динамо» – 1:1, аз рӯи пенолти – 4:3.
2009 (Турсунзода, Тоҷикистон). «Регар-ТадАЗ» – «Дордой-Динамо» – 2:0.
2010 (Янгон, Мянмар). «Яданарбон» (Мянмар) – «Дордой» - 1:0, дар замони изофӣ.
XS
SM
MD
LG