Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли як маҳбуси фирорӣ дар Файзобод


Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, зимни баргузории амалиёти боздошти маҳбусони фирорӣ дар ноҳияи Файзобод, Раҳмиддин Азизов, яке аз ин фирориёни кушта шудааст.

Дар иттилоъияи Кумитаи амнияти миллӣ, ки аз тариқи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон нашр шуд, омадааст, Азизов Раҳмиддин, ки ба ҷиноятҳои сангине муттаҳам мешавад, ҳангоми амалиёти ҷустӯҷуӣ дар дараи Себзори ноҳияи Файзобод, тақрибан 70 километрии шаҳри Душанбе ба маъмурони амниятӣ муқовимат нишон дода ва дар натиҷаи оташи ҷавобӣ аз тири онҳо ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилоъи расмӣ, дар ҷойи ҳодиса як пулемёти Калашников ва пул пайдо кардаанд. Азизов Раҳмиддин ҳамроҳ бо 24 тан маҳбуси дигар рӯзи 23 август бо қатли панҷ посбони боздоштгоҳ фирор карданд.

Эълони ҷоиза барои боздошти маҳбусони фирорӣ

Дар айни ҳол, Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон эълом доштаст, барои маълумоте, ки ба боздошти зиндониёни фирорӣ кӯмак мекунад, ҷоиза хоҳад дод. Дар изҳороти КАМ гуфта мешавад, маблағи ҷоиза ба аҳамияти маълумот бастагӣ хоҳад дошт.

Дар баёнияҳои қаблии хеш Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон барои боздошти 8 нафар аз маҳбусони гуреза аз аҳолӣ изҳори сипос карда буд. Гуфта мешавад, дар ҳамаи ин ҳолатҳо маълумоти мардум дар боздошти фирориён нақши асосӣ бозидааст.


Идомаи ҷустуҷӯи фирориёни дигар

Ҳамин тариқ, аз 25 маҳбусе, ки рӯзи 23-юми август баъд аз куштори 5 нозир аз боздоштгоҳи тафтишоти пешакии Кумитаи амнияти миллӣ фирор карда буданд, 7 нафар аз онҳо дастгир ва як нафар ҳам кушта шудааст.

Амалиёти ҷустуҷӯ ва боздошти маҳбусони фирорӣ ҳамчунон идома дорад.

Як ҳафта пас аз фирор Раёсати умури ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон камбудиҳои ҷиддии вазъу шароит ва низоми мавҷуда дар боздоштгоҳи тафтишоти пешакии Кумитаи давлатии амнияти миллиро сабаби асосии фирори 25 зиндонӣ аз ин маҳбас унвон кард.

Намояндаи аршади раёсат ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ҳуҷраҳои боздоштгоҳи Кумитаи амният аз одитарин шароити амни нигаҳдошти мабҳусон маҳрум буда, чораҳои эҳтиётӣ риоят намешаванд.

Рӯзи 2-юми сентябр, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон фармони барканории Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро ба имзо расонд. Истеъфои Абдураҳимов 10 рӯз пас аз фирори 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳи кумитаи амният рӯзи 23-юми август ба вуқӯъ пайваст. Ба ҷои ӯ Саймумин Ятимов таъин шуд.

Маҳбусони фирорӣ умдатан касоне буданд, ки барои даст доштан дар нооромиҳои соли гузаштаи шарқи Тоҷикистон аз сӯи Додгоҳи олӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуда буданд.
XS
SM
MD
LG