Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати ҳафт мусаллаҳ дар Вазиристони шимолӣ


Бар асари ду зарбаи мушакӣ дар минтақаи Вазиристони шимолии Покистон ҳафт тан аз мусаллаҳони мухолифи ҳукумат кушта шуданд. Гуфта мешавад, ки ҳамла аз сӯи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ сурат гирифтааст. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс бо такя ба хадамоти кашфи Покистон иттилоъ додааст, ки аз авоили моҳ бар асари зарбаҳои мушакии ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин 90 нафари гумонбар дар ҳамкорӣ бо “Ал-Қоида” ва ҷунбиши “Толибон” ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG