Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Бенямин Нетаняҳу аз Маҳмуд Аббос


Мӯҳлати мораторий барои бунёди манозил дар қаламрави ишғолии Каронаи бохтарии рӯди Урдун, ки даҳ моҳ пеш аз сӯи Исроил эълон шуда буд, поён ёфт. Нимашаб, як дақиқа баъд аз хатми мӯҳлати мораторий сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу аз сарвари Фаластин Маҳмуд Аббос даъват кард, ки музокирот барои тӯли як соли оянда таҳия ва имзо кардани созиши сулҳро идома диҳад. Сарвазири Исроил даъвати раисиҷумҳури ИМА Барак Обама барои тамдиди мораториии бунёди манзилҳоро рад кард ва аммо Вошингтон эълом дошт, ки барои ба даст овардани ризояти Исроилу Фаластин дар робита ба идомаи гуфтушунид талош хоҳад кард.
Маҳмуд Аббос, раҳбари Фаластин чандин бор эълом дошт, ки дар сурати аз сар гирифта шудани бунёди манзил дар қаламрави ишғолии Фаластин, музокирот бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳуро қатъ мекунад. Ба иттилоъи Кохи Сафед, дирӯз Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, мавзӯъи тамдиди мораторийро бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу баррасӣ кард.
XS
SM
MD
LG