Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Башарӣ: Ду ҳазор полиси афғон куштаву захмӣ шудаанд


Ба иттилоъи вазорати умури дохилаи Афғонистон, тайи шаш моҳи гузашта тақрибан ду ҳазор кормандони полис кушта ваё захмӣ шудаанд. Земарай Башарӣ, сухангӯи вазорат изҳор намуд, ки бар асари бомбгузорӣ, ҳамлаҳои террористӣ, даргириҳо ва дар амалиёти низомӣ 595 корманди полис ба ҳалокат расида, 1345 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Кормандони полиси Афғонистон ҳамроҳ бо сарбозони артиш ва нерӯҳои амниятӣ барои саркӯбсозии ошӯби афзояндаи “Толибон” сафарбар шудаанд. То имрӯз аз сӯи низомиёни НАТО 136 ҳазор афсару сарбоз ва 119600 корманди полиси Афғонистон тамрин дидаанд.
XS
SM
MD
LG