Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 12 сайёҳи лаҳистонӣ дар Олмон


Бар асари садамаи автобус бо сайёҳони лаҳистонӣ дар шоҳроҳи наздикиҳои шаҳри Берлин 12 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи полиси Олмон, вазъи ҳафт нафар аз сайёҳон сангин аст, 27 нафари дигар ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд. Сайёҳони лаҳистонӣ аз Испания ба ватан бармегаштанд. Сарвазири Лаҳистон Доналд Туск ва вазири ҳифзи сиҳати кишвар Ева Копач вориди Олмон шуданд, то ки аз ҷойи ҳодиса дидан кунанд ва бо вазъи осебдидагон ошно шаванд.
XS
SM
MD
LG