Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Молдова пароканда карда мешавад


Раисиҷумҳури муваққати Молдова Михай Гимпу рӯзи 28 сентябр дар бораи парокандасозии парлумон фармон имзо хоҳад кард. Дар ин бора ӯ дар анҷумани Ҳизби либералӣ, ки дубора Гимпуро раиси ҳизб интихоб кард, иттилоъ дод. Аз ин пеш раҳбарони эътилофи ҳукмрони ғарбгаро ба созиш расиданд, ки интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ рӯзи 28 ноябр баргузор шавад. Тибқи Қонуни асосии Молдова, ду моҳ қабл аз интихобот бояд парлумон пароканда карда шавад. Қаблан Додгоҳи Қонуни асосӣ ҳам тасмим гирифта буд, ки парлумон пароканда карда шавад, зеро аз баҳор то ба ҳол ба интихоби раисиҷумҳур муваффақ нашудааст. На эътилофи ҳукмрон ва на Ҳизби коммунист барои интихоби раисиҷумҳур дар парлумон раъйҳои кофӣ надоранд.
Барои берун шудан аз бӯҳрони сиёсӣ мақомот референдум барои аз тариқи интихоботи умумимиллӣ баргузида шудани раисиҷумҳурро доир намуданд ва аммо дар он теъдоди ками мардум ширкат доштанд ва аз ин рӯ натиҷааш эътироф нашуд.
XS
SM
MD
LG