Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Покпур: Гумонбарони ҳамла дар Моҳобод кушта шудаанд


Раҳбарони Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон изҳор намуданд, ки дар ҷараёни амалиёти низомӣ “гумонбарони аслӣ” дар ташкили ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Моҳобод кушта шуданд. Хабаргузории Форс бо такя ба фармондеҳи нерӯҳои пиёданизоми Сипоҳи посдорони сулҳ Муҳаммад Покпур иттилоъ дод, ки амалиёт дар як минтақаи наздимарзӣ доир гардид. Ва аммо ӯ дар бораи ҷузъиёти амалиёт чизе нагуфтааст. Муҳаммад Покпур Исроил ва Амрикоро кӯмак ба созмондиҳандагони ҳамлаи террористӣ айбдор кард.
Рӯзи чаҳоршанбеи гузашта дар шаҳри Моҳобод ҳангоми паради низомӣ ба муносибати 30-солагии шурӯъи ҷанги Эрону Ироқ инфиҷор рӯх дод, ки бар асари он 12 нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG