Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА талоши ҷилавгирӣ аз шикасти музокиротро дорад


Кохи Сафед эълом дошт, ки Вошингтон барои халалдор нашудани музокироти сулҳи Ховари Миёна талош мекунад. Ҳамин нимашаб мораторий барои бунёди манозил дар маҳаллаҳои яҳудинишини Каронаи бохтарии руди Урдун, ки даҳ моҳ пеш аз сӯи ҳукумати Исроил эълон шуда буд, поён ёфт. Маҳмуд Аббос, раҳбари Фаластин чандин бор эълом дошт, ки дар сурати аз сар гирифта шудани бунёди манзил дар қаламрави ишғолии Фаластин, музокирот бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳуро қатъ мекунад.
Ахиран, ба навиштаи хабаргузориҳо, ҳарду ҷониб барои нармтар кардани мавқеъҳояшон талош карданд. Маҳмуд Аббос ба рӯзномаи арабии “Ал-Ҳаёт” гуфтааст, ки агар Исроил моратории бунёди шаҳракҳоро тамдид накунад, фаластиниҳо яку якбора аз музокироти сулҳ даст нахоҳанд кашид. Эҳуд Барак, вазири дифоъи Исроил, дар навбати худ, ба Би-Би-Си гуфт, ки “шонси бо фаластиниҳо дар робита ба идомаи бунёди шаҳракҳои яҳудинишин ба тавофуқ расидан панҷом ба панҷоҳ аст”.
Ба иттилоъи Кохи Сафед, ахиран Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, мавзӯъи тамдиди мораторийро бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу баррасӣ кард.
XS
SM
MD
LG