Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қатли як зиндонии фирории дигар дар Файзобод


Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, маъмурони амниятӣ Раҳмиддин Азизов, яке аз фирориёни боздоштгоҳи ин кумитаро куштаанд. Дар иттилоъияи кумита, ки аз тариқи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон нашр шуд, омадааст, Азизов Раҳмиддин, ки ба ҷиноятҳои сангине муттаҳам мешавад, ҳангоми амалиёти ҷустӯҷуӣ дар дараи Себзори ноҳияи Файзобод, тақрибан 70 километрии шаҳри Душанбе ба маъмурони амниятӣ муқовимат нишон дода ва аз тири онҳо ба ҳалокат расид. Бино ба иттилоъи расмӣ, дар ҷойи ҳодиса як пулемёти Калашников ва пул пайдо кардаанд. Азизов Раҳмиддин ҳамроҳ бо 24 тани маҳбуси дигар рӯзи 23 август бо қатли панҷ посбони боздоштгоҳ фирор карданд. То кунун 6 нафар аз ин фирориён аз ҷумла як шаҳрванди Русия боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG