Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабарнигори Озодӣ аз водии Рашт, маҳалли даргириҳои ахир дар шарқи Тоҷикистон баргашт. Ӯ зимни ин сафар аз шаҳракҳои Ғарму Навобод ва дараи Камароб дидан карда ва гузориши тасвириеро барои шунавандагону хонандагони Озодӣ таҳия намуд.

Аз Ваҳдат то Ғарм ҳудуди 15 посгоҳи мақомоти амниятии Тоҷикистон амал мекунанд. Дар аксари посгоҳҳо мошину асноди сарнишинонаш тафтиш ва дар ҳолати пайдо шудани шакку гумон бозпурсӣ мешаванд.


Ғарми сокит ва камодам

Ғарм барои нафаре, ки бори аввал омадааст, як шаҳраки орому сокит ва камодам менамояд. Ҳаракати мошинҳо ангуштшумор буд.

Теъдоди мардуми мулкӣ кам ба назар мерасид. Танҳо низомиён, ки зиёд ба чашм мехӯрданд, бо телефонҳои мобилӣ сӯҳбат мекарданд. Бозори марказии Ғарм камодам буд. Дӯконҳои бозро ҷо-ҷо дидан мумкин буд.

Як тоҷир, ки худро Шералӣ муаррифӣ кард, гуфт, баъд аз пайдо шудани низомиён ва чархболҳо дар фазои шаҳрак мардум кам ба бозор меоянд:



«Руст карда рафтанд. Мумкин барои ин бошад, ки чархболҳо бисёр омада, мераванд. Ҳар касе, ки савдо кардан мехоҳад, меояд, касе, ки намехоҳад, не. Одам, ки кам аст, кам савдо мекунем»

Аҳмад, яке дигар аз тоҷирон гуфт:



«Рӯзҳои истироҳат — шанбе, якшанбе, ки ҳаст, одам кам меояд»

Даҳсолаҳо рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон рӯзҳои бозорӣ низ будаанд. Аммо дар водии Рашт, ки як ҳафта ба ин сӯ маркази ҳаводиси доғи Тоҷикистону минтақа ба шумор меояд, мардум зиёд ба сӯҳбат моил нестанд.

Сокинони маҳал мегӯянд, дар ҳудудҳои дараи Камароб то Ҳоиту Тоҷикобод аз соати 8 — и бегоҳ то 6 — и субҳ қуюди шабгардӣ эълон шудааст. Ҳалим, як сокини шаҳраки Навобод гуфт:



«Баъд аз соати 8 -и бегаҳ дар кӯчаи Навобод ба ҷуз сагҳо ягон кас нест. Мардуми эҳтиёҷманд намедонанд чӣ кор кунанд. Масалан, ҳоло яке аз онҳоеро, ки дар ҳолат буд, гӯр кардем. Боз чор касе дигар аст, ки дар ҳолат (маризи миранда) аст. Бовар кунӣ, агар як мулло барои хондан даркор шавад ё доруву дармон, то субҳ бояд интизор шавӣ»

Кулоҳи сарбоз - нишоне бозмонда аз даргирии19 сентябр
Тадобири шадиди амниятӣ дар ноҳияи Ғарм пас аз 19 сентябр, рӯзи ҳамлаи мусаллаҳона ба мошини ҳомили афсарону сарбозони вазорати дифоъи Тоҷикистон дар дараи Камароб, ки 28 нафар кушта ба ҷой гузошт ва низ даргирии мусаллаҳонаи миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи мухолифин дар деҳаи Нишириён, 3- километрии шарқи шаҳраки Ғарм рӯзи 22 сентябр гирифта шудаанд.

Фармондеҳон куҷо шуданд?

Мақомот нооромиҳои ахир дар Раштро кори дасти гурӯҳҳои Мулло Абдулло, Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Аловуддин Давлатов унвон карданд. Саидаҳмад, як сокини Ғарм мегӯяд, дар ҳоли охир ин фармондеҳон манзилҳои зисти худро тарк кардаанд:



«Алӣ ва се — чор ҳамроҳаш аз тарси ҷон фирор карданд. Нерӯҳои амниятӣ ба манзили онҳо ҳуҷум карданд. Баъд аз ин ба манзили Мирзохӯҷа Аҳмадов ҳамла карданд. Ҳоло маълум нест, ки он ҷо чанд нафар мурдаву чанд хона сӯхтааст. Ягон кас ахбор дода наметавонад. Ҳама ҷоро сарбозон посбонӣ мекунанд»

Сокинони маҳалӣ мегӯянд, баъд аз ин ҳаводис мардуми ин қаламрав мекӯшанд аз хонаҳои худ берун нашаванд. Ҳалим мегӯяд, ин вазъ халои иттилоотиро низ ба вуҷуд оварда, боиси пайдо шудани овозаҳо шудааст:

«Як овоза мешаваду ҳамон рӯз овозаи дигар мешавад, ки аввалиро инкор мекунад. Воҳимаву гапу хабар рафта истодааст. Ягон кас на дар радио ва на дар телевизион намегӯянд, ки асли гап чист. Дар телевизион ва радио ҳам аниқ намегӯянд, ки кадом муҷоҳидро боздошт кардаанд. Ҳама тахмин мезананд»

Ба гуфтаи сокинони Рашт, ҳаракат ба сӯи деҳоти Бедаку Нишириён ва Белги танҳо ба онҳое имкон дорад, ки бошандаи ин деҳаҳоянд.

Мулло Абдуллоро кӣ дидааст?

Афзоиши нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар водии Рашт дар пайи шурӯъи амалиёти боздошти фирориёни боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва иттилоъ дар бораи пайдо шудани гурӯҳи Мулло Абдулло ва зархаридони хориҷӣ дар дараи Камароби Рашт сурат гирифтааст.

Ҳузури ахириҳоро аксари сокинони водии Рашт зери шубҳа қарор медиҳанд. Дар дараи Камароб як даҳмарда, ки худро Абдураҳим муаррифӣ кард гуфт:



«Ҳамон дарае, ки ман будам, бовар кунӣ, мегузашт аввал аз ҳамон ҷо мегузашт. Хаймаи ман дар ҷоест, ки ҳатто пашшаро мебинӣ. Ман ягон касро надидам. Як халтаи нони қоқ доштам, ягон кас ҳатто даст нарасондааст.»

Аммо як даҳмардаи дигар, ки бидуни микрофон сӯҳбат кард, гуфт, як гурӯҳи 80 — нафари муҷоҳидинро дар болооби дарёи Сурхоб дидааст.

Нигарониҳои мардум

Даҳмардаҳое, ки имрӯзҳо аз айлоқҳои мавзеҳои баланд поён мешаванд, мегӯянд, як моҳи дигар фурсат доштанд, аммо ҳоло ба далели нооромиҳо маҷбуранд Раштро тарк кунанд. Ба қавли онҳо, ин давраи вазнгирии чорво будааст.

Сокинони маҳал мегӯянд, дар ҳоли ҳозир ҳазорҳо сарбози ҳукуматӣ дар кӯҳҳо мавқеъ гирифтаанд. Ба қавли онҳо, азбаски дар даҳаи навади асри гузашта ҳангоми ҷанги дохилӣ даҳшати даргириҳоро дидаанд, аз ҳузури сарбозон дар ташвиш ҳастанд, ки шояд он ноамниҳо боз такрор шаванд.

Аммо Ҳалим, ҳамсӯҳбати мо мегӯяд: «Ягон сарбоз ба касе кор надорад. Ман аз Навобод то Ғарм рафтам. Дар роҳ як сарбозро ҳам надидам. Фақат вақти ҷанг, ки ҳолати фавқулодда буд, илтимос карда, мошинҳоямонро гирифтанд, ки захмиҳоро барем. Дигар ягон гап нест.»

Аксари ҳамсӯҳбатҳои мо дар Рашт изҳори умедворӣ мекунанд, ки амалиёт бомуваффақият анҷом меёбад ва нерӯҳои ҳукуматӣ водиро тарк мекунанд. Онҳо мегӯянд, вазъе, ки ҳоло ҳукмрон аст, онҳоро ба оянда нигарон кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG