Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди серӯзаи Медведев аз Чин шурӯъ шуд


Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, имрӯз бо як сафари серӯзаи расмӣ вориди Чин шуд. Дар ҷараёни ин боздид масоили тиҷорат миёни ду кишвар ва содироти газу нафти Русия ба Чин баррасӣ мешавад, ки ин кишвар ҳоло ба бузургтарин харидори сӯзишворӣ дар ҷаҳон табдил шудааст. Қарор аст, чанд қарордоди ҳамкорӣ миёни Русияву Чин ба имзо бирасад. Ҳамчунин дар мулоқоти Дмитрий Медведев бо Ҳу Ҷинтао, раиси ҷумҳури Чин барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон ва ҳамчунин Куриёи Шимолӣ баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG