Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон талаби такрории Чин барои узрхоҳиро рад кард


Давлати Ҷопон имрӯз талаби такрории Чин ҷиҳати маъзаратхоҳӣ барои боздошти капитани киштии моҳигирии ин кишварро рад кард. Наото Кан, нахуствавзири Ҷопон гуфт, ҳеҷ қасд надорад, ки аз Чин узр бихоҳад. Вазорати умури хориҷаи Чин баъди он ки талаби аввали онҳо ҷиҳати узрхоҳӣ ва пардохти ҷуброн барои боздошти капитани киштӣ рад шуд, дигарбора баёнияеро бо ҳамин мазмун нашр кард. Капитани киштии моҳигирии Чинро рӯзи 8 сентябр баъди бархӯрди киштии онҳо бо ду қаиқи нерӯҳои марзбонии Ҷопон дар наздикии ҷазираҳое боздошт карданд, ки ҳам Чин ва ҳам Ҷопону Тайван бари сари онҳо даъво доранд. Ин ҷазираҳо ҳоло дар ихтиёри Ҷопон ҳастанд. Ҷопон 14 маллоҳи чиниро пеш аз капитани киштӣ раҳо кард.
XS
SM
MD
LG