Пайвандҳои дастрасӣ

Талошҳо барои ҳифзи музокироти сулҳи Ховари Миёна


Бо он ки сарнавишти музокироти сулҳи Ховари Миёна то нимашаби имрӯз номаълум боқӣ мемонад, Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури фаластиниён, вориди Фаронса шуд, то бо пешвоёни яҳудиёни ин кишвар доир ба музокирот гуфтӯгу кунад. Нимашаби имрӯз замони тавқифи бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар Канораи Ғарб ба поён мерасад ва фаластиниён гуфтаанд, дар сурати идомаи шаҳраксозиҳо аз музокироти сулҳ даст мекашанд. Фаластиниён ин сарзаминҳоро ишғолӣ ва бахше аз кишвари мустақили ояндаи худ медонанд. Пештар аз ин мақомоти Амрико доир ба музокирот бо раҳбарони фаластиниён ва Исроил гуфтӯгу карданд. Қарор аст, Маҳмуд Аббос имрӯз бо Николя Саркозӣ, раиси ҷумҳур ва Франсуа Филлон, нахуствазири Фаронса, дидору гуфтӯгу кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG