Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди шадид аз баёнияи Маҳмуди Аҳмадинажод


Хосе Рамос Ҳорта, барандаи ҷоизаи Нобел, ки раҳбарии кишвари кӯчаки Тимори Шарқиро бар ӯҳда дорад, Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эронро, ба баёни суханони “қабеҳ” аз минбари Созмони Милал муттаҳам кард, ки гуфт, эҳтимолан дар ҳамлаҳои 11 сентябр ҳукумати Амрико даст дорад. Рамос Ҳорта зимни суханронӣ дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал рӯзи шанбе гуфт, Маҳмуди Аҳмадинажод бо ин баёния "аз ҳад гузаронидааст" ва онро ба изҳороти баҳсбарангези Аҳмадинажод доир ба Ҳолокост монанд кард. Чунин интиқоди шадиди Аҳмадинажод аз тарафи раҳбари як кишвар аз минбари Маҷмаъи умумии Созмони Милал имсол мушоҳида нашудааст. Раиси ҷумҳури Эрон дар суханрониаш гуфт, бисёриҳо дар Амрико фикр мекунанд, ки ҳодисаҳои 11 сентябр кори давлати Иёлоти Муттаҳида будааст.
XS
SM
MD
LG