Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли як "зархариди хориҷӣ" дар амалиёт дар Рашт


Ба гузориши телевизиони давлатии Тоҷикистон, дар водии Рашт дар амалиёт алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ, як ҷангҷӯ кушта шудааст. Муаллифи гузориш, ки сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон аст, гуфт, исм ва миллияти ба гуфтаи ӯ "зархариди хориҷӣ" бинобар халал наафтодан дар ҷараёни тафтишот эълом намешавад. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, дар ҷараёни амалиёт дар шарқи Тоҷикистон, то кунун 9 аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумла размандагони собиқи нерӯҳои мухолифини пешини Тоҷикистон кушта шудаанд. Дар ин минтақа рӯзи 19 сентябр, афроди мусаллаҳ бо ҳамла ба корвони мошинҳои вазорати дифоъ, 28 сарбозу афсарро кушта ва 12 тани онҳоро маҷрӯҳ карданд. Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, омилони ин ҳамла Мулло Абдулло, Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Аловиддин Давлатов аз фармондеҳони собиқи мухолифини пешини Тоҷикистон ҳастанд ва ба онҳо зархаридони хориҷӣ аз Покистон, Афғонистон ва Чеченистони Русия кӯмак мекунанд.
XS
SM
MD
LG